Корти кабуди муҳоҷир ва ё корти дактилоскопӣ

29.08.2024 Корти кабуди муҳоҷир ва ё корти дактилоскопӣ Ҳуҷҷати ҳатмист, ки ба шаҳрвандони хориҷи имқонияти буданро дар Русия ба муддати зиёда аз 90 рӯз медиҳад.

Корти дактилоскопӣ дар муддати 10 сол эътибор дорад, вале ҳамасола онро тамдид бояд кард, ки барои ин аз муоинаи тиббӣ гузаштан лозим аст.

Ба кадоме аз шаҳрвандони хориҷӣ корти кабуд лозим намешавад?

  • Барои онҳое, ки дар қаламрави Русия на зиёда аз 90 шабонарӯз буданро ба нақша гирифтааст.
  • Барои онҳое, ки ба таври доимӣ меравад ва ба ФР бозпас мегардад, бо шарте, ки одам дар мамлакат на зиёда аз 90 рӯз қарор дорад.
  • Барои онҳое, ки иҷозатномаро барои иқомати муваққатиро ба расмият даровардааст ва ё иҷозатнома барои истиқомат дорад.
  • Ва ҳамчунин барои шаҳрвандони Белоруссия.

Тамоми дигар шаҳрвандон бояд корти кабудро ба расмият дароранд, барои ин аз гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия), муоинаи тиббӣ ва суратгирӣ гузаштан лозим аст.

МУҲИМ АСТ

Агар мақсади вурудшавӣ кор мебошад, онгоҳ кортро дар муддати 30 рӯз аз лаҳзаи убур намудан аз сарҳади Русия лозим аст. Дар дигар ҳолатҳо, вақте ки шумо ба ФР ба муддати зиёда аз 90 рӯз омадед, вале на бо мақсади ба кор ҷалб шудан, бо қонун мӯҳлати 90 рӯз муқаррар шудааст.


Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

MAX дар ИДМ дастрас шуд!
12.11.2025
MAX дар ИДМ дастрас шуд!
Бештар
Агар ШУМО КОРТИ САБЗ нагиред, чӣ мешавад?
25.09.2025
Агар ШУМО КОРТИ САБЗ нагиред, чӣ мешавад?
Бештар
Афсонаҳо дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират. Қисми 2.
16.09.2025
Афсонаҳо дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират. Қисми 2.
Бештар
Рӯзи истиқлолият муборак, Тоҷикистон!
09.09.2025
Рӯзи истиқлолият муборак, Тоҷикистон!
Бештар
/