Рейтинги қарзии худро чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст?

23.07.2024 Рейтинги қарзии худро чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст? Рейтинги қарзии худро пеш аз он, ки ба бонк ва ё ТМХ барои маблағи калон муроҷиат кардан, фаҳмидан фоида дорад.

Ҳамчунин хуб мешуд, агар онро дар як сол ду маротиба бисанҷед, то ин ки боварӣ ҳосил бикунед, ки ба таърихи қарзии шумо ягон хел хатогӣ дохил нашудааст ва ба номи шумо қарзро ба расмият надаровардааст.

Рейтингҳои инфиродии қарзӣ бюроҳои таърихи қарзӣ (БТҚ) ҳисоб карда медиҳанд. Ин ташкилотҳои махсус мебошанд, ки дар онҳо маълумотҳо дар бораи кредитҳо ва қарзҳои шумо нигоҳ дошта мешавад.

Азбаски ТМХ ва бонкҳо худашон ҳал мекунанд, ки ба кадом БТҚ маълумотҳоро дар бораи қарзгирандагон супоранд, аз ин сабаб шумо метавонед якчанд рейтинг дошта бошед. Ҳамаи онҳоро тафтиш кардан лозим аст.

Инро чӣ тавр бояд кард?

Аввал бояд фаҳмед, маҳс дар кадом (ва ё кадомҳо) бюро таърихи қарзии шумо мебошад.

Ба портали «Госуслуги» дароед (замима «Дигар», боби «Андозҳо ва молия», зербоб «Маълумотҳо дар бораи бюрои таърихи қарзӣ». Дар он ҷой шумо рӯйхати тамоми БТҚ ба даст меоваред, ки дар онҳо маълумотҳои дар бораи кредитҳо ва қарзҳои шумо нигоҳ дошта мешаванд. Дар он номҳои пурраи бюро, суроғаҳо ва рақамҳои телефонҳо, ва ҳамчунин гузаришҳо ба сомонаҳои БТҚ нишон дода мешаванд.

Ба тавассути ин гузаришҳо шумо ба сомонаҳои бюроҳои лозим мерасед. Дар ҳар яке аз онҳо шумо бояд сабти ном шавед ва ё ба воситаи сабти бақайдгирии тасдиқшудаи дар «Госуслуги» авторизатсия шавед.

Баъд аз бақайдгирӣ ва тасдиқкунии маълумотҳои тамос шум мебинед, ки кадом рейтинги инфиродиро ба шумо ҳар як бюро гузоштааст.

Ва агар шумо ҳоло ҳам аккаунти тасдиқшударо дар «Госуслуги» надоред, ба Байбол биёед. Мо ба шумо барои гирифтани тамоми маълумотҳои зарурӣ дар бораи рейтинги қарзиатон кӯмак мекунем ва нақл мекунем, ки дар оянда чӣ кор бояд кунед.
Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Оғози Моҳи Шарифи Рамазон муборак бошад!
01.03.2025
Оғози Моҳи Шарифи Рамазон муборак бошад!
Бештар
Агар шумо пардохти патентро дермон карда бошед, чи бояд кард?
11.02.2025
Агар шумо пардохти патентро дермон карда бошед, чи бояд кард?
Бештар
Агар шумо ба РКЛ дохил шуда бошед, чи бояд кард?
10.02.2025
Агар шумо ба РКЛ дохил шуда бошед, чи бояд кард?
Бештар
Шаҳрванди хориҷӣ ЧӢ гуна РМА мегирад?
29.01.2025
Шаҳрванди хориҷӣ ЧӢ гуна РМА мегирад?
Бештар
/