Таътилҳои қарзӣ барои иштирокчиёни Амалиёти Махсуси Ҷангӣ

Ба қарзгирандагоне, ки ба хизмати ҳарбӣ мувофиқи сафарбаркунӣ ба ҚМ ФР даъват шудаанд, ва ё дар ҚМ ФР аз рӯи қарордод, аз он ҷумла дар бораи мадади ихтиёрӣ ба ҚМ ФР, ва ё дар хизмат дар мақомотҳои давлатӣ мебошанд, ва ҳамчунин ба аъзоёни оилаҳои онҳо (мувофиқи қонуни аз 07.10.2022 таҳти №377-ФЗ) пешниҳод карда мешавад

Таътилҳои қарзиро барои иштирокчиёни Амалиёти Махсуси Ҷангӣ аз рӯи қарзҳои қаблан гирифта шудаанд, гирифтан метавонанд:

  • хизматчиёни ҳарбие, ки сафарбар шудаанд ва Қувваҳои мусаллаҳ;
  • хизматчиёни ҳарбие, ки хизматро дар Қувваҳои мусаллаҳ аз рӯи қарордод, ва ҳамчунин дар кушунҳои гвардияи миллӣ адо менамоянд;
  • Кормандони қисмҳои наҷотдиҳии ҳарбии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, прокуратураи ҳарбӣ ва дигар мақомотҳое, ки дар банди 6 моддаи 1 Қонуни федералии таҳти №61-ФЗ “Дар бораи муҳофизат”;
  • кормандони хадамоти сарҳадие, ки дар қаламрави Русия мебошанд ва гузаронидани Амалиёти Махсуси Ҷангиро таъмин мекунанд;
  • Ихтиёрчиён (шахсоне, ки қарордодро дар бораи мадади ихтиёриро дар иҷроиши вазифаҳое, ки ба зиммаи Қувваҳои мусаллаҳ гузошта шудаанд, бастаанд);
  • аъзоёни иштирокчиёни Амалиёти Махсуси Ҷангӣ *

* ба аъзоёни оилаи иштирокчии Амалиёти Махсуси Ҷангӣ таалуқ доранд (банди 5 моддаи 2 Қонуни Федералӣ аз 27.05.1998 таҳти №76-ФЗ “Дар бораи вазъияти хизматчиёни ҳарбӣ”):

  • ҳамсар (завҷа)-и қарзгир;
  • фарзандон дар синнӣ то 23 солагие, ки дар ташкилотҳои таълимӣ аз рӯи шакли омӯзиши рӯзона таҳсил мекунанд;
  • фарзандони ноболиғ;
  • фарзандони аз синнӣ 18-солагӣ боло, ки то расидан ба синнӣ 18-солагӣ маъюб шудаанд;
  • шахсоне, ки дар таъмини хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд.

Чи хел ба расмият даровардан мумкин аст?

Бо ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ҶдММ МКК «Байбол» муроҷиат кардан**:

ба идораи наздиктарин омадан;

аризаи пуркарда шуда ва имзошударо (скан ва ё сурат) дар бораи пешниҳод намудани таътилҳои қарзӣ ба суроғаи почта электронӣ svo.info@baibol.ru ирсол кардан

Қарори ҶдММ МКК «Байбол» интизор шудан.

Огоҳинома дар бораи қарори қабул кардашуда ба аризадиҳанда дар муддати 10 рӯз фиристода хоҳад шуд.

Дар якҷоягӣ бо ариза дар бораи таътилҳои қарзӣ ҳуҷҷатҳое, ки иштирокро дар Амалиёти Махсуси Ҷангӣ тасдиқ мекунанд, пешниҳод кардан лозим мебошад:
  • маълумотнома аз комиссариати ҳарбӣ дар бораи сафарбарии қарзгиранда
  • иқтибос аз фармонҳои командири қисми ҳарбӣ
  • дигар ҳуҷҷате, ки мустақил ва ё ғайримустақил иштироки қарзгирандаро дар Амалиёти Махсуси Ҷангӣ тасдиқ мекунад

*** Дар вақти муроҷиат кардан ба Қарздиҳанда бо талабнома дар бораи тағйир додани шартҳои шартномаи қарзӣ, дар чорчӯбаи Қонуни Федералии таҳти №377, қарзгиранда - хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқи замима гардондани ҳуҷҷатҳоеро, ки мувофиқи қонунгузории Федератсияи Русия иштироки вайро дар амалиёти махсуси ҷангӣ тасдиқ мекунанд, дорад.

Дар вақти муроҷиат кардан ба Қарздиҳанда аъзоёни қарзгиранда-хизматчии ҳарбӣ бо талабнома дар бораи тағйир додани шартҳои шартномаи қарзӣ, дар чорчӯбаи Қонуни Федералии таҳти №377, аъзои оилаи қарзгиранда - хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқи замима гардондани ҳуҷҷатҳоеро, ки мувофиқи қонунгузории Федератсияи Русия иштироки вайро дар амалиёти махсуси ҷангӣ, ва ҳамчунин вазъи вайро ҳамчун аъзои оилаи қарзгиранда-хизматчии ҳарбӣ тасдиқ мекунанд, дорад.