Алоқа
Агар дар хидмат ягон мушкилот дошта бошед ё барои кори мо пешниҳоде дошта бошед, ба мо нависед. Мо ба Шумо тамос мегирем ва ҳамаи масъалаҳоро ҳал менамоем. Ягон дархост беҷавоб намемонад.
Шумо метавонед муроҷиат, шикоят, фикру мулоҳизаҳо оиди кор ё пешниҳодро оид ба беҳтар намудани фаолият ба ҳар роҳе,ки барои Шумо қулай аст, ирсол намоед:
Ба воситаи телефони зерин муроҷиати даҳонӣ гузоред: 8 (800) 550 57 57
Муроҷиатномаи шикоятиро тавассути сайти расмии: www.baibol.ru ирсол намоед
Муроҷиати шикоятии электрониро ба суроғаи info@baibol.ru ирсол намоед
Ирсоли муроҷиати шикоятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
Муроҷиати хаттии имзо кардашударо ба офис шахсан ёки тавассути намояндаи дорои ваколатномаи аз тарафи нотариус тасдиқ кардашуда ирсол намоед;
Ирсоли дархости хаттӣ тавассути почта бо фиристоди фармоишӣ ҳамроҳи хабарномаи қабул ёки тавассути почтаи оддӣ;
Ширкат ҷавобро ба суроғаи, ки Қарзгиранда ҳангоми бастани шартнома ба Ширкат пешниҳод кардааст ё суроғаи бевосита дар матни худи муроҷиат нишондодаи Қарзгиранда ирсол менамояд. Миҷоз ҳуқуқ дорад, ки ба суроғаи почтаи электронии дар ариза нишондодашуда посух дархост намояд.
Дар ҳолати зарурии пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои нопурра - чунин дархост ба миҷоз дар давоми 12 рӯзи корӣ фиристонида мешавад. Дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дархоста аз ҷониби Қарзгиранда, муддати ҷавоб ба дархости миҷоз 5 рӯзи кори аз рӯи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархостаро ташкил менамояд.
Шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад бо ариза, шикоят ба ҶдММ МКК "Байбол", Ташкилоти Худтанзимкунанда Иттифоқи ташкилотҳои хурди молиявии "Маблағгузории хурд ва Рушд" ("МхвР"), Бонки марказии Федератсияи Россия ва Вакили ваколатдори молиявии Федератсияи Россия ба тартиби муқарраркардаи қонун муроҷиат намояд.
-
Маълумот дар бораи суроғаҳои ирсоли муроҷиатҳо:
-
ҶдММ МКК "Байбол"
- Суроғаи юридики ва почтавӣ: 194100, ш. Санкт-Петербург, кӯчаи Литовская, х. 4, лит. А, утоқи 301
- E-mail: info@baibol.ru, feedback@baibol.ru
- Тел.: 8 (800) 550 57 57
-
Ташкилоти Худтанзимкунанда Иттифоқи ташкилотҳои хурди молиявии "Маблағгузории хурд ва Рушд" ("МхвР")
- Суроғаи юридики ва почтавӣ: 107078, ш. Москва, тангкӯчаи Орликов, хонаи 5, бинои 2, даромадгоҳи 1, ошёнаи 5, утоқҳои 538, 540
- E-mail: info@npmir.ru
- Тел.: 8 (495) 258-8705, 8 (495) 258-8709
-
Сарраёсати Шимоливу Ғарбии Бонки Марказии Федератсияи Россия
- Суроғаи юридики ва почтавӣ: 191038, ш. Санкт-Петербург, кӯчаи лаби дарёи Фонтанка, хонаи 68.
- E-mail: 40media@cbr.ru
- Тел.: 8 (812) 320-36-75, факс 571-70-60
-
Бонки марказии Федератсияи Россия
- Суроғаи юридики ва почтавӣ: 107031, ш. Москва, кӯчаи Неглинная, 12
- Сайт: www.cbr.ru
- Тел.: 8 (800) 250-40-72 (барои зангзаниҳои ройгон аз минтақаҳои Россия)
- Факс: 8 (495) 621-64-65, 8 (495) 621-62-88
-
Вакили ваколатдори молиявии Федератсияи Россия
- Суроғаи юридики ва почтавӣ: 119017, ш. Москва, тангкӯчаи Старомонетний, хонаи 3, гиранда АНО "СОДФУ" (Ташкилоти Муҳтори Ғайритиҷоратии "Хадамоти Таъминоти Фаъолияти Ваколатдори Молиявӣ" (ТМҒ "ХТФВМ"))
- Сайт: https://finombudsman.ru/
- Тел.: 8 (800) 200-00-10 (барои зангзаниҳои ройгон аз минтақаҳои Россия)
Вакили ваколатдори молиявӣ даъвоҳои амволии истеъмолкунандаро, ки он аз 500 000 рубл зиёд нест, баррасӣ мекунад. Муроҷиати истеъмолкунанда бо вакили ваколатдори молиявӣ метавонад ба таври электронӣ тавассути кабинети шахсии дар сайти расмибудаи Вакили ваколатдори молиявӣ ё ба таври хатти ирсол карда мешавад. Қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон аз ҷониби Вакили ваколатдори молиявӣ ройгон ба амал бароварда мешавад.
Пеш аз фиристодани муроҷиат ба Вакили ваколатдори молиявӣ, истеъмолкунанда бояд бо ариза - эътирознома ба ташкилоти молиявии хурд муроҷиат намояд. Тартиби эътирозии мазкур бо моддаи 16 Қонун муқаррар намуда шудааст ва барои истеъмолкунандагон ҳатмӣ мебошад.
-
Ҳангоми ирсол намудани муроҷиатнома ба Вакили ваколатдори молиявӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
- Нусхаи ариза-эътирознома ба Ташкилоти молиявии хурд (ТМХ)
- Нусхаи ҷавоб ба ариза-эътирознома ба ТМХ (агар бошад)
- Нусхаи шартнома бо ТМХ
- Нусхаҳои дигар ҳуҷҷатҳо оид ба моҳияти баҳс
Маълумоти муфассалро оиди тартиби ирсоли муроҷиат ва Вакили ваколатдори молиявӣ дар сайти расмии Вакили ваколатдори молиявӣ пайдо кардан мумкин аст: https://finombudsman.ru/.
-
Талабот ва тавсияҳо оид ба моҳияти муроҷиат:
- Фамилия, ном ва номи падари миҷоз;
- Суроғаи (почтавӣ ёки электронӣ), ки миҷоз ҳангоми бастани шартномаи қарз пешниҳод кардааст ё суроғае, ки миҷоз бо мақсади таъғир додани маълумоти шахсӣ тибқи шартҳои шартномаи қарз ё ҳуҷҷати дохилии ширкат дар бораи маълумотҳои шахсӣ маълум намудааст;
- Рақами шартномаи байни миҷоз ва ҶдММ МКК "Байбол";
- Баёни моҳияти муроҷиат ва ҳолатҳои воқеие,ки ба онҳо даъвоҳои зикршуда асос ёфтаанд;
- Далелҳое,ки талабот ва ҳолатҳои дар муроҷиатнома зикргардидаро тасдиқ мекунанд;
- Номи мақом, вазифа, номи пурраи ходими ҶдММ МКК “Байбол”, ки аз амали (беамалии) ӯ шикоят карда мешавад;
- Дигар маълумотҳое,ки Қарзгиранда пешниҳоди онро зарур мешуморад;
- Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳои дар муроҷиатнома зикргардида;
- Имзои Қарзгиранда/миҷоз ё намояндаи ӯ;
- Дар муроҷиат набояд суханҳои қабеҳ ё таҳқиромез, таҳдид ба молу-мулки ҶдММ МКК "Байбол", молу-мулк, ҳаёт ва (ё) саломатии кормандони ҶдММ МКК "Байбол", инчунин аъзои оилаи онҳо бошад;
- Матни муроҷиати хаттӣ бояд хонданӣ бошад;
- Дар муроҷиат набояд саволҳои бошад, ки ба Қарзгиранда қаблан аз рӯи моҳият ҷавоби хаттӣ дода шуда буд.