Дар Санкт-Петербург пардохти курортиро барои сайёҳон ҷорӣ карданд.

08.04.2024 Дар Санкт-Петербург пардохти курортиро барои сайёҳон ҷорӣ карданд.

Аз 1 апрели 2024 дар Санкт-Петербург пардохти курортиро барои сайёҳон ҷорӣ карданд. Он 100 рублро дар як шабонарӯз ташкил мекунад ва аз онҳое, ки дар меҳмонхона, ҳобгоҳ, хонаи истироҳатӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд, яъне дар ҷое, ки барои истиқоматӣ муваққатӣ пешбинӣ шудааст, ситонида мешавад.

Пардохт ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Питер барои кор омаданд, дахл дорад, зеро мақсади сафар чандон муҳим намебошад. Вале аз пардохт онҳое озод карда мешаванд, ки дар Санкт-Петербург ба таври доимӣ аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунад ва ё ҷои истиқоматро дар доираи шаҳр (бақайдгирии доимиро дар Санкт-Петербург) дорад. Барои ҳамин ба онҳое, ки ба Питер бо мақсади ба кор ҷалб шудан омад, пардохти сайёҳӣ танҳо вақти аввал, то ин ки бақайдгирии доимӣ ба расмият дароварда нашудаааст ва кори доимиро надоранд, бояд пардохт бикунанд.

Ҳамчунин аз пардохти курортӣ онҳое озод шудаанд, ки ба Питер ба муддати камтар аз як шабонарӯз омад, кӯдакон то синнӣ 18 солагӣ ва тақрибан 20 категорияҳои шахсони имтиёздор, ки дар шумораи онҳо донишҷӯён, оилаҳои серфарзанд, варзишгароне, ки ба шаҳр барои иштирок варзидан дар мусобиқаҳо ва ғайра омадаанд.

Пардохти курортӣ ҳангоми шинондани одам пардохт карда мешавад. Ба сайёҳ ҳуҷҷат дар бораи пардохт дода мешавад. Агар шумо ба қарор оед, ки пеш аз мӯҳлати ба нақша гирифташуда биравед, он гоҳ бақияи пул бозпас гардонда мешавад.

Сарчашма: АХБОРОТ
Дўстон,
Баҳор ва тобистон - вақти аз ҳама зебо барои ба Питер ташриф овардан. Агар шумо дер боз мехостед, ки ба ин ҷой биёед, он гоҳ сафарро ба таъхир гузоред!

Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Бо кадом сабаб патенти меҳнатиро бекор кардан метавонанд?
13.12.2024
Бо кадом сабаб патенти меҳнатиро бекор кардан метавонанд?
Бештар
Кӯмаки тиббӣ барои фарзандони муҳоҷирон
10.12.2024
Кӯмаки тиббӣ барои фарзандони муҳоҷирон
Бештар
 WoW-ПЕШНИҲОД барои мизоҷони нави Байбол!
05.12.2024
WoW-ПЕШНИҲОД барои мизоҷони нави Байбол!
Бештар
Чиптаи арзонтаринро барои ҳавопаймо бо Байбол ва Авиасейлс интихоб кун.
23.11.2024
Чиптаи арзонтаринро барои ҳавопаймо бо Байбол ва Авиасейлс интихоб кун.
Бештар
/