Бақайдгирии муҳоҷирон дар Русия содда карда мешавад

05.06.2023 Бақайдгирии муҳоҷирон дар Русия содда карда мешавад

Дар Русия барои муҳоҷироне, ки бо худкорӣ (худшуғлӣ) машғул мебошад, гирифтани бақайдгириро осон хоҳанд кард.

Ба наздики муҳоҷирон аз мамлакатҳои ИИАО, аз он ҷумла аз Қирғизистон, ҳангоми дар Русия барасмият даровардан вазъи худкор (худшуғл) ба таври автоматикӣ бақайдгириро дар ҷои будубош хоҳанд гирифт. Лоиҳаи озмоишии мутаносиб аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупову Осиё, Хадамоти федералии андоз ва Вазорати корҳои дохилии ФР коркард шуда истодааст.

Хотиррасон мекунем, ки дар сифати худкор (худшуғл) дар Русия шаҳрвандони мамлакатҳои Иттиҳоди Иқтисодии Аврупову Осиё (дар оянда ИИАО номида мешавад) аз соли 2018 метавонанд барасмият дароранд. Барои гирифтани вазъиятихудкор (худшуғл) доштани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) ва сабти баҳисобгирӣ дар “Утоқи шахсии андозсупоранда” (Личный кабинет налогоплательщика) қофист. Замимаи мобилии “Андози ман” (“Мой налог”) сарбор кардан ва дар он ба воситаи логин-рамз аз утоқи шахсӣ сабти ном шудан лозим аст.

Дар сурати надоштани РМА онро дар ҳамагуна нозироти андозе, ки бо шаҳрвандон кор мекунад дар муддати панҷ рӯзи корӣ гирифтан мумкин аст. Бо худ танҳо шиноснома ва ариза доштан зарур аст. Баъд аз гирифтани РМА дар он ҷой ҳамчунин логин ва рамзро аз утоқи шахсӣ ба даст овардан мумкин аст.

Сарчашма Sputnik Қирғизистон

Худкорӣ (худшуғлӣ) - ин реҷаи андозбандие мебошад, ки ба таври қонунӣ дар қаламрави Русия кор карда, андозҳоро пардохт намуда: 4% - аз даромадҳо аз шахсони воқеӣ ва 6% - аз даромадҳое. ки аз кор бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иҷозат медиҳад. Дигар намуди пардохтҳои ҳатмӣ нест, вале даромади умумии шахсе, ки бо худкорӣ (худшуғлӣ) машғул мебошад, набояд аз 2,4 миллион рублро дар як сол зиёд бошад.

Худкорӣ (худшуғлӣ) ҷустани корро осон мекунад, вале одамро аз он кафолатҳое, ки шартномаи меҳнатӣ медиҳад, алалҳусус иҷтимоиву нафақавӣ, маҳрум месозад. Аз ин лиҳоз, агар шумо имконияти дар Русия аз рӯи шартномаи меҳнатӣ дошта бошед, мо тавсия медиҳем, ки ин вариантро афзалтар донед.

Байбол - қарзҳои зуд барои муҳоҷирон дар Русия.

8 (800) 550-57-57.


Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Барои чӣ дар ФР метавонанд дар тамдиди патент метавонанд рад бикунанд?
05.09.2024
Барои чӣ дар ФР метавонанд дар тамдиди патент метавонанд рад бикунанд?
Бештар
Қарзҳо барои иҷораи хона
04.09.2024
Қарзҳо барои иҷораи хона
Бештар
Корти кабуди муҳоҷир ва ё корти дактилоскопӣ
29.08.2024
Корти кабуди муҳоҷир ва ё корти дактилоскопӣ
Бештар
Чӣ бояд кард, агар шумо кори бариловаро дар дигар минтақа пайдо кардаед?
13.08.2024
Чӣ бояд кард, агар шумо кори бариловаро дар дигар минтақа пайдо кардаед?
Бештар
/