Патентро тамдид намудани

05.02.2021 Патентро тамдид намудани Нархи патент дар ҳамин сол дар аксарияти минтақаҳои Русия афзоиш ёфт, ва дилкашолии сарфа намудан барои пардохт кардани он ҳамавақт калон буд, тамдид намудани патент ЛОЗИМ аст.

Надида ба он, ки нархи патент дар ҳамин сол дар аксарияти минтацащои Русия афзоиш ёфт, ва дилкашолии сарфа намудан барои пардохт кардани он ҳамавақт калон буд, тамдид намудани патент ЛОЗИМ аст. Хатто зарур аст! Барои чӣ?

Биёед мухтасар номбар кунем чӣ мешавад, агар патент тамдид карда нашавад.
Мувофиқи қонунгузории Русия, корфармо ВАЗИФАДОР карда мешавад, ки корманд – шаҳрванди хориҷиро, ки ба ФР дар тартиби бе раводид омадааст, агар дар вай патент барои кор тамдид нашудааст, бояд вайро аз кор озод кунад.

Дар ҷои кор мондани шумо бо патенти пардохт нашуда – ин маънои вайрон кардани қонунро дорад. Истисноъ – шаҳрвандони мамлакатҳои Иттиҳоди Иқтисодии Аврупову Осиё (ба онҳо патент зарур намебошад). Дуввум, шумо дигар корро пайдо кардан наметавонед.

Бе патенти пардохт кардашуда шумо дар Русия  ба кор ҷалб шудан наметавонед, зеро шуморо бе патент ба кор қабул кардан қонун иҷозат намедиҳад.
Саввум, дар шумо мушкили бо тамдид намудани мӯҳлати бақайдгириатон ба миён меояд.

Патенти пардохт карда шуда – барои тамдид намудани бақайдгирӣ дар Русия асос мебошад. Бе он бақайдгириро тамдид намекунанд, вале бе бақайдгирӣ ба шумо иҳроҷшавӣ (депортатсия) ва хатто барои ворид шудан ба қаламрави ФР дар 3 соли наздик манъ шудан таҳдид карда мешавад .

Ҳоло вазъият осон нест, вале агар сабукиҳои навбатиро бинобар сабаби пандемияи COVID-19 интизор шудан ва патентро пардохт накардан, на танҳо бе кор, вале ҳамчунин бе ҳуқуқи дар Русия будан имқонпазир аст.

Оё шумо боварӣ доред, ки ба шумо вақти аз Русия рафтан омадааст?
***
Координатаҳои муҳим дар ҳолате, ки барои патент маблағ нест:

8 (800) 550-57-57

baibol.ru

Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Аз депортация фарқ аз выдворения?
02.06.2026
Аз депортация фарқ аз выдворения?
Бештар
Иди Қурбон муборак!
27.05.2026
Иди Қурбон муборак!
Бештар
Сабабҳои ихроҷ аз Федератсияи Россия кадомҳоянд?
23.05.2026
Сабабҳои ихроҷ аз Федератсияи Россия кадомҳоянд?
Бештар
Агар шаҳрванди хориҷӣ бо РВП шиносномаашро иваз карда бошад, чӣ бояд кард?
13.05.2026
Агар шаҳрванди хориҷӣ бо РВП шиносномаашро иваз карда бошад, чӣ бояд кард?
Бештар
/