Кадом хизматрасониро шаҳрванди хориҷӣ дар МБС дар Русия гирифтан метавонад?

16.04.2024 Кадом хизматрасониро шаҳрванди хориҷӣ дар МБС дар Русия гирифтан метавонад?

МБС чист?

МБС ва ё Маркази Бисёрсоҳавӣ оид ба пешниҳод кардани хизматрасониҳои давлативу мунитсипалӣ - ин ягона ҷои қабулкунӣ, бақайдгирӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳо мебошад. 

МБС аз рӯи принсипи “равзанаи ягона” кор мекунад. Яъне аз шаҳрванд барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ тавассути МБС танҳо як муроҷиат лозим аст, ва тамоми ҳамкориҳоро бо мақомотҳои давлатии гуногун дар рафти иҷроиши дархост, худи МБС анҷом медиҳад.

МБС хизматрасониҳоро бидуни алоқаманди ба ҷои бақайдгирӣ мерасонад. Яъне муҳим нест, ки шумо дар Русия дар куҷо ба қайд гирифта шудед ва зиндагӣ мекунед, барои гирифтани хизматрасонии зарур ба ҳамагуна МБС муроҷиат кардан мумкин аст. 

МСБ дар тамоми Русия ҳаст. Ҳамоне, ки ба шумо наздиктарин мебошад дар сомона пайдо кардан мумкин аст.

МБС кадом хизматрасониҳоро мерасонад? 

Амалан ҳамагуна. Ба воситаи МБС тиҷорати худро бақайд гирифтан, нафақаро ба расмият даровардан, насабро иваз кардан, сертификатро барои капитали модарӣ гирифтан ва ё дар бораи мавҷудияти қарздорӣ аз андоз фаҳмидан мумкин аст. 

Рӯйхати пурраи хизматрасониҳои МБС дар ин ҷой дастрас мебошад.

Аз ҳамаи ин ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия бештар ба инҳо таваҷҷуҳ доранд: 

  • ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан (бақайдгирии ибтидоиро гирифтан) 
  • Рақами суғуртаи суратҳисоби шахсии инфиродӣ (РССШИ ва ё худ СНИЛС)-ро ба расмият даровардан 
  • гузарондани имтиҳонҳо барои ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт ва супоридани шаҳодатномаҳои ронандагӣ
  • додани маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ 
  • кӯдаконро барои ба боғча ва мактаб рафтан сабти ном кардан 
  • дар Русия ба кор ҷалб шудан (МБС бо Хадамоти шуғл ҳамкорӣ мекунад).
Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Рӯзи ҳимоятгарони Ватан муборак!
23.02.2026
Рӯзи ҳимоятгарони Ватан муборак!
Бештар
Бо фарорасии моҳи муқаддаси Рамазон табрик мегӯем!
18.02.2026
Бо фарорасии моҳи муқаддаси Рамазон табрик мегӯем!
Бештар
Соли Нав Муборак!
31.12.2025
Соли Нав Муборак!
Бештар
Аз 1 январи соли 2026 арзиши патент барои муҳоҷирон боло меравад
25.11.2025
Аз 1 январи соли 2026 арзиши патент барои муҳоҷирон боло меравад
Бештар
/