Кӯмаки тиббӣ барои фарзандони муҳоҷирон

10.12.2024 Кӯмаки тиббӣ барои фарзандони муҳоҷирон Биёед фаҳмем, ки чӣ гуна ёрии тиббиро ройгон гирифтан мумкин аст ва барои ин чӣ ҳуҷҷатҳо лозиманд.
1. Кӯмаки таъҷилии тиббӣ.
Ёрии таъҷилии тиббӣ ҳангоми бемориҳо ва ҷароҳатҳое, ки ба ҳаёти кӯдак ва саломатии дигарон таҳдид мекунанд, дар Федератсияи Русия, новобаста аз вазъи расмии ҳуқуқии кӯдак ва волидони ӯ ройгон расонида мешавад.
Ба чунин ҳолатҳо таалуқ доранд:
  • душворӣ ҳангоми нафас кашидан/набудани нафаскашӣ
  • беҳушшавӣ
  • ҷароҳатҳои вазнин/сӯхтагиҳои шадид
  • дарди шадид
  • ҳарорати баланд
  • хунравӣ ва ғайраҳо.
2. Танзимкунии кӯмаки таъҷилӣ.
Расонидани кӯмаки таъҷилии тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз он ҷумла кӯдакон, Қарори Ҳукумати ФР таҳти №186 аз 6 марти с. 2013 ба танзим медарорад.
3. Полиси СИТ - полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ё худ ДМС).
Ҳангоми ворид шудан ба ФР ба ҳар кӯдак полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ё худ ДМС) дар ширкати суғуртавӣ ба расмият даровардан лозим аст.
Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ё худ ДМС) ҳамчунин ба кӯдаконе, ки дар ФР таваллуд шудаанд, ҳолон ки онҳо иҷозатнома барои иқомати муваққатӣ (ё худ РВП) ва ё иҷозат барои иқомат (ё худ ВНЖ) надошта бошанд, ба расмият дароварда мешавад.
Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ё худ ДМС) ҳангоми кӯдакро ба боғчаи кӯдакона ва ё мактаб мондан лозим мешавад.
4. Полиси суғуртаи ҳатмӣ (ё худ ОМС) ва маҳдудиятҳои он.
Полиси суғуртаи ҳатмӣ (ё худ ОМС) ҳангоми доштани шартномаи меҳнатӣ нисбат ба кӯдакон татбиқ карда намешавад.
5. Тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳо тавассути ваксина
Ҳангоми ба расмият даровардани полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ё худ ДМС) ҳатман дақиқ бикунед, оё ба он тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳо тавассути ваксина дохил мешаванд. Мавҷудияти ин хизматрасони имконияти эм кардани кӯдакро мувофиқи тақвимӣ эмкуние, ки дар ФР қабул карда шудааст, медиҳад.
6. Интихобкунии ширкати суғуртавӣ.
Ҳангоми интихоб кардани ширкати суғуртавӣ барои харидори намудан полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ё худ ДМС) барои кӯдак хизматрасониҳо ва пешниҳодҳои онро омӯзед, ҳамчунин тақризҳоро бихонед. Инро пешакӣ анҷом додан беҳтар аст.
Маълумоти муфидро нигоҳ бидоред ва бо дӯстон мубодила бикунед ва дар бораи саломатии фарзандонатон ғамҳорӣ бикунед. Қарорҳои дурустро барои кӯмаки тиббии онҳо интихоб бикунед!
Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Бо кадом сабаб патенти меҳнатиро бекор кардан метавонанд?
13.12.2024
Бо кадом сабаб патенти меҳнатиро бекор кардан метавонанд?
Бештар
 WoW-ПЕШНИҲОД барои мизоҷони нави Байбол!
05.12.2024
WoW-ПЕШНИҲОД барои мизоҷони нави Байбол!
Бештар
Чиптаи арзонтаринро барои ҳавопаймо бо Байбол ва Авиасейлс интихоб кун.
23.11.2024
Чиптаи арзонтаринро барои ҳавопаймо бо Байбол ва Авиасейлс интихоб кун.
Бештар
Чӣ бояд кард, агар бақайдгирӣ ба итмом мерасад ва РПВ омода набошад?
21.11.2024
Чӣ бояд кард, агар бақайдгирӣ ба итмом мерасад ва РПВ омода набошад?
Бештар
/