ТАШХИСИ ТИББӢ

24.02.2022 ТАШХИСИ ТИББӢ

Мӯҳлати эътиборнокии маълумотномаҳои тиббӣ оид ба на будан дар муҳоҷир ВНО, бемориҳои хатарноки сирояти ва вобастагии нашъамандӣ то як сол тамдид кардаанд. Ғайр аз ҳамин, аз рӯйхати бемориҳои сироятӣ, ки барои онҳо аз ташхиси тиббӣи гузаштан лозим аст, коронавирус хориҷ карда шудааст.

Тартиби нави гузаштани ташхиси тиббӣ барои муҳоҷирон аз 1 марти соли 2022 қувваи амалро пайдо мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тағйирот ба қонунгузории муҳоҷират, ки шаҳрвандони хориҷиро, ки ба муддати беш аз 90 рӯз ба Русия меоянд, муваззаф мекунанд, аз сабти изи ангушт (бақайдгирии дактилоскопӣ), суратгирӣ ва муоинаи тиббӣ аз 29 декабри соли 2021 ба иҷро даромад. Мувофиқи қоидаҳои мазкур, ҳар нафаре, ки барои кор ба Русия омадааст, бояд дар давоми 30 рӯз аз рӯзи омадан ва онҳое, ки ба муддати тӯлонӣ бо ҳамагуна дигар мақсад омадаанд, дар давоми 90 рӯз аз ин расмиёт гузаранд.


Дар баробари ҳамин аз дактилоскопия ва суратгирӣ як маротиба гузаштан қифоя аст, вале мӯҳлати эътиборнокии муоинаи тиббӣ 3 моҳро ташкил мекард. Акнун онро то як сол тамдид карданд, ки ин ба муҳоҷирон сарф кардани вақти камтарро барои иҷроиши қоидаҳои муқарраршуда имқоният медиҳад.

Сарчашма: Айни замон https://www.currenttime.tv/a/russia-migrants-med/31716964.html


Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Аз 1 январи соли 2026 арзиши патент барои муҳоҷирон боло меравад
25.11.2025
Аз 1 январи соли 2026 арзиши патент барои муҳоҷирон боло меравад
Бештар
MAX дар ИДМ дастрас шуд!
12.11.2025
MAX дар ИДМ дастрас шуд!
Бештар
Агар ШУМО КОРТИ САБЗ нагиред, чӣ мешавад?
25.09.2025
Агар ШУМО КОРТИ САБЗ нагиред, чӣ мешавад?
Бештар
Афсонаҳо дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират. Қисми 2.
16.09.2025
Афсонаҳо дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират. Қисми 2.
Бештар
/