Пардохти қарз Гирифтани маблағ

ТАРБИЯИ МОЛИЯВӢ

26.08.2021 ТАРБИЯИ МОЛИЯВӢ 1 сентябр вақти боз ҳам ба мактаб рафта лозим аст. Ва мактаб мустақилияти муайяни узви ҷавони оиларо пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла дар масъалаҳои молиявӣ.
Биёед бифаҳмем, ки ба кӯдак чӣ тавр тарзи идоракунии пулро таълим додан лозим аст.

Тарбияи молиявиро беҳтар дар баробари он, ки шумо ба кӯдак додани пулҳои қиссагӣ оғоз кардед, оғоз намоед. Одатан ин дар синфи якум рух медиҳад. Дар ҳамин вақт кӯдак аллакай бояд тавонад, ки харидории хурдро мустақилона анҷом диҳад, ва ин маънои онро дорад, ки вақте расидаст, ки ба вай қабул кардани қарорҳо, афзалиятнокии ҳароҷотҳои худ ҷой ба ҷой гузорад, сарфа ва ҷамъ карданро омӯзонед. 

Ба мактаббачагони хурд беҳтар аст, ки маблағҳои хурд, вале зуд-зуд диҳед. Кӯдакон вақтро каме дигар хелтар мефаҳманд, ва дар айёми кӯдакии хурдсолӣ онҳо банақша гирифтан наметавонанд. Агар шумо як маротиба маблағи калонро, масалан барои як моҳ бидҳед, онгоҳ кӯдак якбора ҳамаашро ҳарҷ мекунад ва ё тамоман ба пул даст намерасонад.

Муҳим аст, ки хароҷотҳои кӯдакро бо ӯ ҳар рӯз муҳокима кунед ва маслиҳат диҳед, аммо андешаи худро ба вай бор накунед. Агар шумо фишор оваред, онгоҳ кӯдак чизе нахоҳад омӯхт, зеро вай аз қабул кардани қарорҳои худ метарсад.

Молия қисми муҳими ҳаёти калонсолон мебошад ва фарзанди шумо ҳарчӣ зудтар дар бораи танзими хароҷоти худ ва ба буҷаи ҷудо кардаатон мувофиқат карданро фаҳмад, барои шумо ҳамон қадар осонтар хоҳад буд.

Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Иди Наврӯз муборак!
21.03.2024
Иди Наврӯз муборак!
Бештар
Бо фарорасии мохи Шарифи Рамазон табрик мегӯем!
11.03.2024
Бо фарорасии мохи Шарифи Рамазон табрик мегӯем!
Бештар
Ўзбекистон, Қирғизистон ва Тожикистон фуқаролари Давлат хизматлари нима учун керак?
09.03.2024
Ўзбекистон, Қирғизистон ва Тожикистон фуқаролари Давлат хизматлари нима учун керак?
Бештар
Занҳои азизу зебои мо!
07.03.2024
Занҳои азизу зебои мо!
Бештар
/