Ба шаҳрванди Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва ё Қирғизистон барои кор чӣ лозим аст?
1. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади Русия дар корти муҳоҷиратӣ нишон бидиҳед, ки мақсади омадан кор мебошад.
2. Бақайдгирии муваққатиро дар ҷои истиқомат ба расмият дароварда, дар қайди муҳоҷиратӣ истед.
Мӯҳлат барои ба қайди муҳоҷирати гузоштан барои шаҳрвандони Қирғизистон 30 рӯз, барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон - 15 рӯзро ташкил мекунад. Муфассалтар дар ин бора мо дар ин ҷой нависонда будем
Агар шумо дар меҳмонхона ва ё хобгоҳ истодед, маълумотро дар бораи омадани шумо ба хадамоти муҳоҷиратӣ (Сарраёсати Муҳоҷирати Дохилии ВКД ((СМДВКД) ё худ ГУВМ МВД) маъмурият пешниҳод мекунад, ба шумо хеҷ кор кардан лозим намешавад. Вале дар Санкт-Петербург ба шумо зарур мешавад, ки на танҳо истиқоматро, балки пардохти курортиро (100 рубл дар як шабонарӯз) пардохт кардан лозим меояд.
Бақайдгирии ибтидоӣ ба мӯҳлати то 90 рӯз ба расмият дароварда мешавад.
3. Агар шумо шаҳрванди Ӯзбекистон ва ё Тоҷикистон мебошед, барои ба таври қонунӣ ба кор ҷалб шудан патентро гирифтан лозим аст.
Барои ин ба шумо шиноснома, корти муҳоҷиратӣ бо мақсади вурудшавӣ “Кор” ва ҳуҷҷат дар бораи ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан лозим мешавад.
Ба шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба ИИАО шомил мебошад, дар патент ниёз надоранд ва метавонанд якбора бо корфармо шартномаи меҳнатиро банданд, баъд аз ин бақайдгирии ибтидоиро ба мӯҳлати то 1 сол бигиранд.
4. Агар шумо шаҳрванди Ӯзбекистон ва ё Тоҷикистон мебошед, баъд аз гирифтани патент бо корфармо шартномаи меҳнатиро бандед ва дар муддати 2 моҳ аз рӯзи гирифтани патент ба мақомоти минтақавии ВКД огоҳиномаро оид ба оғози кор фиристонед. Дар бораи он чӣ тавр инро анҷом додан модар ин ҷой навишта будем.
5. Патентро ҳармоҳа пардохт кардан аз хотир набароред, мӯҳлати эътиборнокии онро тамдид карда. Ва ё патентро якбора барои якчанд моҳ пешакӣ пардохт бикунед.
6. Бо гузаштани 3 моҳ, дар асоси патенти пешпардохт шуда ва шартномаи меҳнатӣ, бақайдгириро тамдид бикунед.