СОЛИ ОЯНДА БАРОИ МО ЧӢ ОМОДА ХОҲАД КАРД

22.12.2021 СОЛИ ОЯНДА БАРОИ МО ЧӢ ОМОДА ХОҲАД КАРД

Соли оянда барои мо чӣ омода хоҳад кард.

Тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия, ки аз санаи 29 декабри соли 2021 ба қувваи амал медароянд

ВКД Русия аз санаи 29 декабри соли 2021 қонунро дар бораи ба таври ҳатмӣ супоридани изҳои ангуштон, суратгирӣ ва гузаштан аз муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷиро татбиқ менамояд.

Ҳамаи ин тартибҳоро шаҳрванди хориҷие, ки ба Русия бо мақсади ба кор ҷалб шудан омадааст, ӯҳдадор мешавад, ки дар муддати 30 рӯз аз санаи вуруд бояд гузарад.

Аз охири декабр патентҳои меҳнатӣ дар намуди корт бо паҳнкунандандаи электронии иттилоот дода мешаванд, ки дар онҳо маълумотҳои биометрии инфиродӣ – расмҳои электронии рӯй ва изҳои ангуштон духта мешаванд.

Ҳамчунин дар муддати 30 рӯз муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз муоинаи тиббие, ки мавҷуд набудани вируси норасоии масунияти одам, бемориҳои хатарноки сироятӣ ва вобастагӣ аз нашъамандӣ тасдиқ мекунанд, гузаранд.

Аз бақайдгирии дактилоскопӣ ва гирифтани сурат бояд танҳо як маротиба гузашт, ва аз муоинаи тиббӣ – ҳар вуруди нави ба Русия бояд гузашт.

Агар шаҳрванди хориҷӣ ба Русия ба Русия на барои кор карда омад, вале дар мамлакат мехоҳад, ки зиёда аз 90 рӯз хоҳад буд, онгоҳ барои гузаштан аз бақайгирии дактилоскопия ва гирифтани сурат вай ҳамон 90 рӯз аз рӯзи ворид шудан хоҳанд буд. Дар натиҷа ба вай сертификат дода мешавад.

Дар ВКД қайд кардан, дар ҳолатҳои аз дактилоскопия, аз гирифтани сурат барои бақайдгирии давлатӣ ва ё аз муоинаи тиббӣ барои вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ саркашӣ намуданва рад кардан, онгоҳ ба шаҳрванди хориҷӣ метавонанд мӯҳлати будубошро дар Русия ихтисор кард.

Сарчашмаҳо: Российская Газета ва Sputnik

Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Иди Наврӯз муборак, дӯстони азиз!
21.03.2026
Иди Наврӯз муборак, дӯстони азиз!
Бештар
Иди Рамазон муборак бод!
20.03.2026
Иди Рамазон муборак бод!
Бештар
Байбол шуморо бо иди 8 март табрик менамояд!
08.03.2026
Байбол шуморо бо иди 8 март табрик менамояд!
Бештар
Рӯзи ҳимоятгарони Ватан муборак!
23.02.2026
Рӯзи ҳимоятгарони Ватан муборак!
Бештар
/