ЧӢ МЕШАВАД, АГАР МӮҲЛАТИ ЭЪТИБОРНОКИИ ПАТЕНТРО ТАМДИД НАКУНЕД?

15.02.2021 ЧӢ МЕШАВАД, АГАР МӮҲЛАТИ ЭЪТИБОРНОКИИ ПАТЕНТРО ТАМДИД НАКУНЕД?

Патент дар вақти ба итмом расидани мӯҳлати пардохтшудаи шумо аз эътибор соқит дониста мешавад. Аз ин лиҳоз тамдид накардани мӯҳлати эътиборнокии патент – маъони вайрон кардани қонунро дорад,

Дар Русия ба корфармоён ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷиро бидуни патент, ки ба мамлакат дар тартиби бе раводид ворид шуданд (танҳо дар сурате, ки сухан дар бораи шаҳрвадони мамлакатҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё, ки ба онҳо патент лозим намебошад, нарафта истодааст) иҷозат дода намешавад. Ҳамин талаботҳо ҳамчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро фаро мегиранд.

Ғайр аз ҳамин, барои он, ки бо қонун ба мушкилӣ дучор нашуданд, корфармоёни Русия назорат мекунанд, ки дар корманд-муҳоҷир тамдид карда шуда бошад ва тамоми пардохтҳои зарурӣ пардохт шуда бошанд. Агар патент саривақт тамдид нашавад, корфармо маҷбур мешавад, ки бо шумо хайр хуш кунад, зеро мувофиқи қонунгузории меҳнатӣ ва муҳоҷиратии амалкунанда корфармо вазифадор карда мешавад, ки корманд-шаҳрванди хориҷиро, агар патенти вай тамдид нашудааст, бояд аз кор озод кунад. дар акси ҳол ба корфармо ҷаримаҳо барои ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ таҳқиқ карда мешаванд. Гуфтан мумкин аст, ки тамдид накардани патент – ин ба вуҷуд овардани аз кор сабукдуш шудани мустақилона баробар мебошад.

Ғайр аз ҳамин, патенти пардохт карда шуда барои тамдид намудани бақайдгирӣ дар Русия асос мебошад. Аз ҳама тарзи осони ба даст овардани бақайдгирии дарозмуддат (то 12 моҳ) – ин пардохт намудани патент ба ҳамин мӯҳлат мебошад.

Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

УРФУ дар Қирғизистон санҷишҳои дохилшавиро мегузаронад
05.07.2023
УРФУ дар Қирғизистон санҷишҳои дохилшавиро мегузаронад
Бештар
Осорхонаи “Тсаритсино” (“Царицыно”) дар Москва ба гузарондани экскурсияҳо бо забони ӯзбекӣ оғоз кард
04.07.2023
Осорхонаи “Тсаритсино” (“Царицыно”) дар Москва ба гузарондани экскурсияҳо бо забони ӯзбекӣ оғоз кард
Бештар
Русия ба нақша гирифтааст, ки барои қирғизчиён 1000 ҷойҳои буҷавиро ҷудо кунад
04.07.2023
Русия ба нақша гирифтааст, ки барои қирғизчиён 1000 ҷойҳои буҷавиро ҷудо кунад
Бештар
Иди Курбон муборак дустон, мичозон ва шарикони азиз!
28.06.2023
Иди Курбон муборак дустон, мичозон ва шарикони азиз!
Бештар
/
LiveInternet counter