Пардохти қарз Гирифтани маблағ

Таърихи кредитиро тафтиш кунед

Таърихи кредитӣ ба мисли шиноснома ва эъломияи даромад муҳим аст. Дар асоси ҳамин санад бонкҳо тасмим мегиранд, ки қарз бидиҳанд ё на.

  • Оё ба шумо қарз доданро рад мекунанд?
  • Шумо аллакай ҳамаашро пардохтаед, аммо ба Шумо аз бонк занг зада талаб мекунанд,ки қарзро пардохт кунед?
  • Шумо қарз нагирифтаед, аммо ба Шумо пардохти қарзро хотиррасон мекунанд?

Ҷавобҳо ба ин саволҳоро лар ҳисобот кредитӣ пайдо кардан мумкин аст. Арзиши гузориш 550 ₽ бо назардошти ААИ

Таърихи қарзиро тафтиш кун

Чи тавр харид кардан мумкин аст?

01

Ба ягон офиси ширкат равед

02

Барои пешниҳоди ҳисобот шартнома тартиб диҳед

03

Пардохтан

04

Гирифтани ҳисоботи кредитӣ

Саволҳои зуд-зуд додашаванда

Таърихи қарзӣ чист?
  • Таърихи қарзӣ – ин маълумот дар бораи ӯҳдадориҳои қарзӣ (вомӣ) мебошаж. Он нишон медиҳад ба кадом бонкҳо, ташкилотҳои хурди молиявӣ (ТХМ) ва ё дигар муассисаҳои молиявӣ шумо барои қарзҳо ва вомҳо муроҷиат карда будед. Ин кай буд ва ба кадом миқдор маблағҳоро мегирифтед. Оё шумо қарзгирандаи муштарак ва ё кафолатдиҳанда аз рӯи қарзҳо будед. Оё мувофиқи ҷадвали пардохт ва ё бо таъхиргузорӣ пардохт мекардед, кадом маблағро ҳармоҳа ба ташкилотҳои молиявӣ пардохт мекунед.
Ҳисобот аз рӯи таърихи қарзӣ чист?
  • Ҳисоботи қарзӣ – ҳуҷҷати расмие, ки маълумоти пурраро, ки ба тарқиби таърихи қарзӣ дохил мешавад, мебошад. Ҳамин ҳуҷҷатро бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва ё корфармоён барои баҳогузории эътимоднокии шумо, ҳамчун қарзгиранда ва ё номзад фармоиш мекунанд.
Нархи ҳисоботӣ мувофиқи Таърихи қарзӣ чанд сум аст?
  • Арзиши хизматрасонӣ 550 руб. бо назардошти ААИ ташкил медиҳад. Дар мо яке аз нархҳои арзонтарин дар бозор мебошад. дар дигар ширкатҳо нарх аз 580 то 1000 тағъир меёбад. Дар баробари ҳамин мо омода ҳастем, ки ба Шумо машварати иловагии ройгонро аз рӯи ҳисобот расонем.
Дар куҷо ман метавонам ҳисоботро аз Таърихи қарзӣ фармоиш диҳам?
Кадом ҳуҷҷатҳо барои фармудани ҳисобот аз Таърихи қарзӣ лозим мебошанд?
  • Ба шумо ҳуҷҷате зарур мебошад, ки шахсияти Шуморо тасдиқ мекунад. Мисол, шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ.
Кӣ метавонад ҳисоботро аз Таърихи қарзӣ гирифтан метавонад?
  • Ҳисоботро аз таърихи қарзӣ танҳо Шумо ва ё ташкилотҳои молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, корфармоёне, ки ба онҳо Шумо розигиро барои коркарди маълумотҳои инфиродиро дода будед, гирифтан метавонанд. Ҳамин тавр онҳо эътимоднокии Шуморо ҳамчун қарзгиранда, мизоҷ ва ё корманд баҳогузорӣ мекунанд.
Ба ман ҳисобот аз Таърихи қарзӣ барои чӣ лозим мебошад?
  • Барои тафтиш кардан, оё дар сабтҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ пешниҳод карда шудаанд, ба хатогиҳо роҳ надода бошанд. Барои пардохти ба таъхир гузошташуда, ки дар Ҳисоботи аз таърихи қарзӣ ба таври иштибоҳ нишон дода шудааст метавонад сабаби дар раддия будан дар гирифтани қарзҳои нав ва бозҳисоб намудани ҷаримаҳо аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ гардад;
  • Барои тафтиш кардани имқонпазирии қаллобии қарзӣ. Аксар вақт, ҷинояткорон аз нусхаҳои шиносномаҳои шахсони сеюм қарз мегиранд ва шахс шояд намедонад, ки ба ӯ ғайриқонунӣ қарз барасмият дароварда ва дода шудааст;
  • Барои тафтиш кардани мавҷуд будани пардохтҳои ба таъхир гузошта шуда, ки дар бораи онҳо Шумо метавонед ҳам надонед ва ё бинобар ҳолатҳои муайян аз хотир баровадед.
Чӣ тавр Таърихи қарзии «бад»-ро ислоҳ кардан мумкин аст?
  • Таърихи қарзии «бад» - яке аз сабабҳои асосии раддия ба қарзгиранда дар гирифтани қарз мебошад. Ислоҳ кардан таърихи қарзиро имқоннопазир аст, вале кӯшиш кардан онро бехтар кардан мумкин аст. Агар Шумо мехоҳед таърихи қарзии худро барои дар оянда маблағи қарзро зиёдтар гиред бехтар намоед, Шумо метавонед қарзи хурдро барасмият дароред, ки онро дар мувофиқати ҷадвали пардохтҳо пардохт хоҳед карж. Ҳамин тавр, дар таърихи Шумо сарҳисоби нави пардохтҳои саривақтӣ аз рӯи қарз оғоз меёбад, ки бешубҳа эътибори шуморо дар назари қарздиҳандагон эҳтимолии оянда баланд хоҳад бардошт.
Барои чӣ дар шумо бояд фармоиш кард, агар ман метавонам ҳисоботро аз Таърихи қарзӣ ройгон гирам?
  • Ҳар як шахс метавонам дар як сол ду маротиба (вале на зиёда аз як маротиба дар шакли қоғазӣ) Ҳисоботро аз таърихи қарзии худ дархост кунад. Барои ҳамин бояд ба бюрои таърихи қарзии махсус муроҷиат намоед, аризаро пур кунед ва пешакӣ изои худро дар нотариус тасдиқ намоед, баъдан дархостро фиристода ва посухро дар муддати аз 3 рӯз интизор шавед. Маълум мешавад, ки шумо дар бораи Таърихи қарзии худ ҳисоботи ройгонро мегиред - ин, аввалан, муддати тӯлонӣ аст, дуввум ин аст ки, ҳамчунин барои хадамоти нотариалӣ хароҷоти иловагӣ талаб мекунад.