Агар шумо ба РКЛ дохил шуда бошед, чи бояд кард?

10.02.2025 Агар шумо ба РКЛ дохил шуда бошед, чи бояд кард? Феҳристи нави шахсони назоратшаванда дар Русия. Аз 5 феврал дар Русия феҳристи шахсони назоратшаванда (РКЛ) амал мекунад. Агар шумо дар ин феҳрист бошед, ин маънои онро дорад, ки шумо барои будубош дар кишвар маҳдудиятҳо доред. Сабабҳои дохил шудан ба феҳрист: Ба РКЛ онҳое дохил карда мешаванд, ки дар Русия бе асосҳои қонунӣ қарор доранд. Масалан, агар иҷозатномаи иқомати муваққатии шумо, патент ё иҷозатномаи кор бо сабаби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба охир расида бошад. Инчунин мумкин аст, ки бо сабаби интиқоли нодурусти маълумот ба РКЛ хато ворид шавед. Агар шумо дар РКЛ бошед, чи бояд кард? 1. Ҳуҷҷатҳои худро тафтиш кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳама чиз хуб аст. 2. Ба ВКД (раёсати муҳоҷират) муроҷиат кунед. Ҳангоми муроҷиат шумо бояд аз корманд сабабҳои дохил шудан ба РКЛ-ро пурсед. Агар корманд сабаби мушаххасро пешниҳод карда натавонад ё ба дохилкунии хато ба РКЛ ишора кунад, мо тавсия медиҳем, ки дархости хаттӣ пешниҳод кунед (шакли намунавӣ замима карда мешавад). 3. Ҳуҷҷатҳои худро бо худ дошта бошед. Ҳангоме ки шумо дар қайд ҳастед, ҳама квитансияҳо ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши қонунии шумо дар кишварро нигоҳ доред. Маҳдудиятҳо барои онҳое, ки ба феҳрист дохил карда шудаанд. Агар шумо дар РКЛ бошед, ба шумо зеринҳо манъ аст: • Ҷои истиқоматро бе иҷозат иваз намудан. • Аз ҳудуди минтақа берун рафтан. • Амволи ғайриманқул ё нақлиёт харидан. • Издивоҷ кардан. • Шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ таъсис намудан. • Кушодани ҳисоби бонкӣ. • Гузаронидани амалиёти бонкӣ (ба истиснои пардохтҳои ҳатмӣ). Бозпас гирифтан аз ҳисоби худ на бештар аз 30 ҳазор рубл дар як моҳ. • Рондани транспорт ё гирифтани оҷозатнома. • Инчунин кӯдаконе, ки дар кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, ба мактабу боғчаҳо қабул карда намешаванд. Чӣ тавр аз феҳрист баромадан мумкин аст? Барои аз РКЛ хориҷ шудан, шумо бояд аввал сабаби шомил шуданро ба РКЛ-ро фаҳмед ва агар воқеан дар ҳуҷҷатҳо мушкилот вуҷуд дошта бошад, пас шумо бояд онҳоро ҳал кунед ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои истиқомати қонунӣ дар Русия дастрас кунед.
Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Оғози Моҳи Шарифи Рамазон муборак бошад!
01.03.2025
Оғози Моҳи Шарифи Рамазон муборак бошад!
Бештар
Агар шумо пардохти патентро дермон карда бошед, чи бояд кард?
11.02.2025
Агар шумо пардохти патентро дермон карда бошед, чи бояд кард?
Бештар
Шаҳрванди хориҷӣ ЧӢ гуна РМА мегирад?
29.01.2025
Шаҳрванди хориҷӣ ЧӢ гуна РМА мегирад?
Бештар
Гирифтани иҷозатномаи иқомат дар Русия боз мушкилтар мешавад
25.01.2025
Гирифтани иҷозатномаи иқомат дар Русия боз мушкилтар мешавад
Бештар
/