ҚОИДАҲО БАРОИ МУҲОҶИРОН АЗ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУПО ВА ОСИЁ

29.01.2021 ҚОИДАҲО БАРОИ МУҲОҶИРОН АЗ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУПО ВА ОСИЁ

Агар шумо ба Русия аз мамлакат – узви Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё (ИИАО) омадед, ба шумо дар хотир нигоҳ доштан муҳим аст:

1. Ба Шумо ба расмият даровардани бақайдгирии муҳоҷиратӣ, агар шумо дар Русия на зиёда аз 30 рӯз буданро дар нақша доред, зарур намебошад. Вале агар шумо ба мӯҳлати аз ин зиёд омадед – бақайрдгирӣ ҳатмӣ мебошад.

2. Барои бо кор таъмин шудан дар Русия ба шумо ба расмият даровардани патенти меҳнатӣ лозим намебошад. Танҳо дар қайди муҳоҷирати истодан ва бо корфармо шартномаи меҳнатиро бастан қифоя мебошад. Барои бастаи шартномаи меҳнатӣ ба шумо, ҳамчун ба шаҳрванди хориҷӣ, шиноснома, бақайдгирӣ, Рақами Суғуртавии Суратҳисоби Суғуртавии Шахсӣ (СНИЛС), РМА ва санади бимаи суғуртавии Суғуртаи Тиббии Ихтиёрӣ лозим мебошанд.

Рақами Суғуртавии Суратҳисоби Суғуртавии Шахсӣ (СНИЛС) – ин рақами суғуртавии суратҳисоби суғуртавии шахсии шаҳрванд дар низоми суғуртаи хатмии нафақавӣ мебошад.

РМА – рақами мушаххаси андозсупоранда мебошад.

Санади бимаи суғуртавии Суғуртаии Тиббии Ихтиёрӣ – санади бимаи суғуртавӣ суғуртаи ихтиёрии тиббӣ мебошад.

3. Агар шумо дар Русия ба таври қонунӣ кор мекунед, онгоҳ варақаи корношоямӣ ба шумо ба мисли шаҳрвандони Русия пардохт карда мешавад. Ғайр аз ҳамин, шумо ҳуқуқро ба хизматрасонии тиббии ройгонро доред, агар шумо санади бимаи суғуртавӣ суғуртаи ихтиёрии тиббиро ба расмият даровадед.

4. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои шаҳрвандони Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё, ки дар Русия кор мекунанд ва резидентҳои андози РФ мебошанд, 13% ташкил мекунад, яъне он айнан чунон чӣ барои шаҳрвандони Русия мебошад. Резиденти андоз шаҳрванди Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё дар ҳамон ҳолат мешавад, ки агар вай дар қаламрави Руссия дар муддати як сол на камтар аз 183 рӯз зиндагӣ мекунад. Дар дигар ҳолатҳо андоз 30% ташкил мекунад.

Ба хотир меоварем, ки ба Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё 5 мамлакат шомил мебошанд: Русия, Ҷумҳурии Беларус, Арманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон.

Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Оғози Моҳи Шарифи Рамазон муборак бошад!
01.03.2025
Оғози Моҳи Шарифи Рамазон муборак бошад!
Бештар
Агар шумо пардохти патентро дермон карда бошед, чи бояд кард?
11.02.2025
Агар шумо пардохти патентро дермон карда бошед, чи бояд кард?
Бештар
Агар шумо ба РКЛ дохил шуда бошед, чи бояд кард?
10.02.2025
Агар шумо ба РКЛ дохил шуда бошед, чи бояд кард?
Бештар
Шаҳрванди хориҷӣ ЧӢ гуна РМА мегирад?
29.01.2025
Шаҳрванди хориҷӣ ЧӢ гуна РМА мегирад?
Бештар
/