ЁДДОШТ АЗ COVID-19

25.01.2022 ЁДДОШТ АЗ COVID-19

Вазорати тандурустии Русия ёддоштро барои онҳое нашр кард, ки бо COVID-19 дар шакли сабук бемор мебошад. Тавсияҳо дар он барои шахсоне, ки камтар аз 6 моҳ пеш эм карда шудаан ва барои онҳое, ки эм накардаанд, фарқиат мекунанд.

Чунончӣ, агар инсон эм кардааст ва ё аллакай дар ним соли охир касалшуда сиҳат шуд, ва ё санҷиши вай барои COVID-19 мусбат мебошад, вале аломатҳои беморӣ вуҷуд надоранд, онгоҳ фақат худқанораҷӯӣ лозим аст.

Агар аломатҳо ҳастанд, вале бемор дар гурӯҳи хатар намебошад, онгоҳ бояд, ба қадри имқон, аз дигар аъзоёни оила қанораҷӯӣ бикунад ва ё ҳадди ақал дар хона ниқоб бипӯшад. Ҳарорати баданро дар як шабонарӯз 3 маротиба ва 2 маротиба – доштани оксиген дар хун чен кардан лозим аст. Нишондоди муқаррарии сатуратсия – на камтар аз 95% аст. Табобат аз рӯи нишонаҳо (эҳсосӣ).
Ба нафарон аз гурӯҳи ҳатар табобатро духтур таъин мекунад. Агар ҳолат бад шуда истодааст (нафастангӣ ба вуҷуд меояд, ҳарорат зиёда аз 38 дараҷа), ёрии таъҷилиро даъват кардан лозим аст.
Ба гурӯҳи ҳатар онҳое дохил мешаванд, ки синну солашон аз 60 боло аст

Онҳое, ки бемориҳои кӯҳнаи ҳамроҳикунандаро дорад (диабети қанд, бемориҳои бемориҳои дилу раг ё онкологӣ, бемориҳои музмини гурда ва ҷигар, ҳолати норасоии масуният)
Онҳое, ки вазни зиёдатиро дорад

Шахсоне, ки эм накардаанд, дар ҳолати пайдо шудани ҳамагуна аломатҳои сирояти вируси шадиди роҳҳои нафас, новобаста аз он, ки санҷиш барои COVID-19 мусбат ва ё манфӣ мебошад, тавсия дода мешавад, ки бо духтур машваратро ба тавассути рақами 122 бигирад ва қанораҷӯиро риоя намояд. Дар ҳолати бад шудани вазъият ба ёрии таъҷили занг задан.

Аломатҳои сирояти вирусии роҳҳои нафас, ки онҳо эътибор нагирифтан мумкин нест: сулфа, зуком, хичаккунӣ ва ё дард дар гулӯ, баландравии якқаратаи ҳарорат назиёда аз 37,5 дараҷа.⠀
Сарчашма: Ёддошти Вазорати тандурустии Федератсияи Русия

 

 


Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Аз депортация фарқ аз выдворения?
02.06.2026
Аз депортация фарқ аз выдворения?
Бештар
Иди Қурбон муборак!
27.05.2026
Иди Қурбон муборак!
Бештар
Сабабҳои ихроҷ аз Федератсияи Россия кадомҳоянд?
23.05.2026
Сабабҳои ихроҷ аз Федератсияи Россия кадомҳоянд?
Бештар
Агар шаҳрванди хориҷӣ бо РВП шиносномаашро иваз карда бошад, чӣ бояд кард?
13.05.2026
Агар шаҳрванди хориҷӣ бо РВП шиносномаашро иваз карда бошад, чӣ бояд кард?
Бештар
/