8 (800) 550-57-57
Речаи кори ҳамарӯза аз 9:00 то 21:00 Занги ройгон дар саросари Русия. Фикри шумо муҳим аст
29.01.2021

ҚОИДАҲО БАРОИ МУҲОҶИРОН АЗ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУПО ВА ОСИЁ

Агар шумо ба Русия аз мамлакат – узви Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё (ИИАО) омадед, ба шумо дар хотир нигоҳ доштан муҳим аст:

1. Ба Шумо ба расмият даровардани бақайдгирии муҳоҷиратӣ, агар шумо дар Русия на зиёда аз 30 рӯз буданро дар нақша доред, зарур намебошад. Вале агар шумо ба мӯҳлати аз ин зиёд омадед – бақайрдгирӣ ҳатмӣ мебошад.

2. Барои бо кор таъмин шудан дар Русия ба шумо ба расмият даровардани патенти меҳнатӣ лозим намебошад. Танҳо дар қайди муҳоҷирати истодан ва бо корфармо шартномаи меҳнатиро бастан қифоя мебошад. Барои бастаи шартномаи меҳнатӣ ба шумо, ҳамчун ба шаҳрванди хориҷӣ, шиноснома, бақайдгирӣ, Рақами Суғуртавии Суратҳисоби Суғуртавии Шахсӣ (СНИЛС), РМА ва санади бимаи суғуртавии Суғуртаи Тиббии Ихтиёрӣ лозим мебошанд.

Рақами Суғуртавии Суратҳисоби Суғуртавии Шахсӣ (СНИЛС) – ин рақами суғуртавии суратҳисоби суғуртавии шахсии шаҳрванд дар низоми суғуртаи хатмии нафақавӣ мебошад.

РМА – рақами мушаххаси андозсупоранда мебошад.

Санади бимаи суғуртавии Суғуртаии Тиббии Ихтиёрӣ – санади бимаи суғуртавӣ суғуртаи ихтиёрии тиббӣ мебошад.

3. Агар шумо дар Русия ба таври қонунӣ кор мекунед, онгоҳ варақаи корношоямӣ ба шумо ба мисли шаҳрвандони Русия пардохт карда мешавад. Ғайр аз ҳамин, шумо ҳуқуқро ба хизматрасонии тиббии ройгонро доред, агар шумо санади бимаи суғуртавӣ суғуртаи ихтиёрии тиббиро ба расмият даровадед.

4. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои шаҳрвандони Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё, ки дар Русия кор мекунанд ва резидентҳои андози РФ мебошанд, 13% ташкил мекунад, яъне он айнан чунон чӣ барои шаҳрвандони Русия мебошад. Резиденти андоз шаҳрванди Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё дар ҳамон ҳолат мешавад, ки агар вай дар қаламрави Руссия дар муддати як сол на камтар аз 183 рӯз зиндагӣ мекунад. Дар дигар ҳолатҳо андоз 30% ташкил мекунад.

Ба хотир меоварем, ки ба Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё 5 мамлакат шомил мебошанд: Русия, Ҷумҳурии Беларус, Арманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон.

Хамаи навигарихо

Хабарҳои дигар

Барои муҳоҷирони дар Русия буда таъсиси портали монанди “Хизматҳои давлатӣ” дар назар аст 31.03.2021

Барои муҳоҷирони дар Русия буда таъсиси портали мо ...

Барои муҳоҷирони дар Русия буда таъсиси портали монанди “Хизматҳои давлатӣ” дар ...

БАРОИ ТАҚДИР ГОЛ ЗАН! 29.03.2021

БАРОИ ТАҚДИР ГОЛ ЗАН!

Тибқи омор, аксарияти русҳо музди меҳнати рақобатпазирро ҳамчун омили асосии ҳав ...

ДАФТАРИ КОРӢ ДАР ШАҲРҲОИ МОСКВА ВА ҚАЗОН БА ҶОИ ДИГАР КӮЧОНИДА МЕШАВАНД! 25.03.2021

ДАФТАРИ КОРӢ ДАР ШАҲРҲОИ МОСКВА ВА ҚАЗОН БА ҶОИ ДИ ...

Ду дафтари кории мо аз 01 апрел ба ҷои нав мекӯчанд: Дафтари корӣ дар ш. Москва ...