Чӣ бояд кард, агар корти муҳоҷиратиро гум кард?

15.07.2024 Чӣ бояд кард, агар корти муҳоҷиратиро гум кард?

Корти муҳоҷиратӣ - яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим барои шаҳрванди хориҷӣ дар Русия мебошад.

Бе он мӯҳлатҳои будубош ва бақайдгирии муҳоҷиратиро тамдид кардан номумкин аст, ва агар шумо дар ФР аз рӯи патент кор мекунед, онгоҳ патентро бидуни корти муҳоҷиратӣ азнав ба расмият даровардан имконнопазир мешавад.

Аз ин сабаб, агар шумо корти муҳоҷиратиатонро гум кардаед, чунин бояд амал кард:

1. Фавран ба шӯъбаи политсия барои тартиб додани ариза барои гум кардан муроҷиат кардан лозим аст. Ба шумо маълумотнома дар бораи гум кардани корти муҳоҷиратӣ медиҳанд.
2. Бо ҳамин маълумотнома шумо бояд ба мақомоти минтақавии ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар суроғаи бақайдгирии шумо дар Русия муроҷиат кардан лозим аст.

Бо худ ҳуҷҷатҳои зеринро доштан лозим аст:
  • шиноснома
  • қисми буридашавандаи огоҳинома дар бораи ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан
  • патент ва тамоми тасдиқномаҳои пардохтҳои пешпардохтҳо
  • шартномаи меҳнатӣ ва ё шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандиву ҳуқуқӣ
  • корти дактилоскоп
  • маълумотнома дар бораи гум кардани корти муҳоҷиратӣ
Ба ғайр аз нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои мазкур, бо худ нусхаҳои онҳоро бигиред.

Дар мақомоти минтақавии ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷират ҳуҷҷатҳои шуморо тафтиш мекунанд ва мегӯянд, кай дубликати корти муҳоҷиратии шумо тайёр хоҳад шуд. Одатан ин 2 ҳафта мебошад.

Дубликати корти муҳоҷиратӣ худи ҳамон қувваи ҳуқуқиро ба монанди нусҳаи аслии он доро мебошад.


Ҳама хабарҳо

Инчунин хонед

Аз 1 январи соли 2026 арзиши патент барои муҳоҷирон боло меравад
25.11.2025
Аз 1 январи соли 2026 арзиши патент барои муҳоҷирон боло меравад
Бештар
MAX дар ИДМ дастрас шуд!
12.11.2025
MAX дар ИДМ дастрас шуд!
Бештар
Агар ШУМО КОРТИ САБЗ нагиред, чӣ мешавад?
25.09.2025
Агар ШУМО КОРТИ САБЗ нагиред, чӣ мешавад?
Бештар
Афсонаҳо дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират. Қисми 2.
16.09.2025
Афсонаҳо дар бораи баҳисобгирии муҳоҷират. Қисми 2.
Бештар
/