8 (800) 550-57-57
Речаи кори ҳамарӯза аз 9:00 то 21:00 Занги ройгон дар саросари Русия. Фикри шумо муҳим аст

ТАЪРИХИ ҚАРЗИРО ТАФТИШ КУН

  1. Ба шумо дар додани қарз раддия мекунанд?
  2. Шумо аллакай ҳамаашро пардохт кардед, вале ба шумо аз бонк занг мезананд ва пардохт намудани қарзро талаб мекунанд?
  3. Шумо қарзро нагирифта будед, вале ба шумо огоҳиномаҳо дар бораи пардохт намудан меоянд?

Ҷавобҳоро ба ҳамин саволҳо шумо дар ҳисоботи таърихи қарзӣ пайдо хоҳед кард. Таърихи қарзӣ ба мисли шиноснома ва ё маълумотнома дар бораи даромадҳо муҳим аст. Дар асосӣ ҳамин ҳуҷҷат бонкҳо қарорро дар бораи қарзро додан ва ё надодан қабул мекунанд. Нархи ҳисобот 550 руб. бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (дар оянда ААИ номида мешавад) ташкил мекунанд.

Чӣ тавр харидан мумкин аст?

  • Ба ҳамагуна идораи ширкат ташриф оварданБа ҳамагуна идораи ширкат ташриф овардан
  • Шартномаро барои пешниҳод намудани ҳисобот  барасмият дароварданШартномаро барои пешниҳод намудани ҳисобот барасмият даровардан
  • Пардохт карданПардохт кардан
  • Ҳисоботро аз таърихи қарзӣҲисоботро аз таърихи қарзӣ

Саволҳое, ки зуд зуд дода мешаванд

Таърихи қарзӣ чист?
Таърихи қарзӣ – ин маълумот дар бораи ӯҳдадориҳои қарзӣ (вомӣ) мебошаж. Он нишон медиҳад ба кадом бонкҳо, ташкилотҳои хурди молиявӣ (ТХМ) ва ё дигар муассисаҳои молиявӣ шумо барои қарзҳо ва вомҳо муроҷиат карда будед. Ин кай буд ва ба кадом миқдор маблағҳоро мегирифтед. Оё шумо қарзгирандаи муштарак ва ё кафолатдиҳанда аз рӯи қарзҳо будед. Оё мувофиқи ҷадвали пардохт ва ё бо таъхиргузорӣ пардохт мекардед, кадом маблағро ҳармоҳа ба ташкилотҳои молиявӣ пардохт мекунед.
Ҳисобот аз рӯи таърихи қарзӣ чист?
Ҳисоботи қарзӣ – ҳуҷҷати расмие, ки маълумоти пурраро, ки ба тарқиби таърихи қарзӣ дохил мешавад, мебошад. Ҳамин ҳуҷҷатро бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва ё корфармоён барои баҳогузории эътимоднокии шумо, ҳамчун қарзгиранда ва ё номзад фармоиш мекунанд.
Нархи ҳисоботӣ мувофиқи Таърихи қарзӣ чанд сум аст?
Арзиши хизматрасонӣ 550 руб. бо назардошти ААИ ташкил медиҳад. Дар мо яке аз нархҳои арзонтарин дар бозор мебошад. дар дигар ширкатҳо нарх аз 580 то 1000 тағъир меёбад. Дар баробари ҳамин мо омода ҳастем, ки ба Шумо машварати иловагии ройгонро аз рӯи ҳисобот расонем.
Дар куҷо ман метавонам ҳисоботро аз Таърихи қарзӣ фармоиш диҳам?
Шумо метавонед ҳисоботро аз таърихи қарзӣ дар ҳамагуна идораи Байбол фармоиш диҳед
Кадом ҳуҷҷатҳо барои фармудани ҳисобот аз Таърихи қарзӣ лозим мебошанд?
Ба шумо ҳуҷҷате зарур мебошад, ки шахсияти Шуморо тасдиқ мекунад. Мисол, шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ.
Кӣ метавонад ҳисоботро аз Таърихи қарзӣ гирифтан метавонад?
Ҳисоботро аз таърихи қарзӣ танҳо Шумо ва ё ташкилотҳои молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, корфармоёне, ки ба онҳо Шумо розигиро барои коркарди маълумотҳои инфиродиро дода будед, гирифтан метавонанд. Ҳамин тавр онҳо эътимоднокии Шуморо ҳамчун қарзгиранда, мизоҷ ва ё корманд баҳогузорӣ мекунанд.
Ба ман ҳисобот аз Таърихи қарзӣ барои чӣ лозим мебошад?
  • Барои тафтиш кардан, оё дар сабтҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ пешниҳод карда шудаанд, ба хатогиҳо роҳ надода бошанд. Барои пардохти ба таъхир гузошташуда, ки дар Ҳисоботи аз таърихи қарзӣ ба таври иштибоҳ нишон дода шудааст метавонад сабаби дар раддия будан дар гирифтани қарзҳои нав ва бозҳисоб намудани ҷаримаҳо аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ гардад;
  • Барои тафтиш кардани имқонпазирии қаллобии қарзӣ. Аксар вақт, ҷинояткорон аз нусхаҳои шиносномаҳои шахсони сеюм қарз мегиранд ва шахс шояд намедонад, ки ба ӯ ғайриқонунӣ қарз барасмият дароварда ва дода шудааст;
  • Барои тафтиш кардани мавҷуд будани пардохтҳои ба таъхир гузошта шуда, ки дар бораи онҳо Шумо метавонед ҳам надонед ва ё бинобар ҳолатҳои муайян аз хотир баровадед.
Чӣ тавр Таърихи қарзии «бад»-ро ислоҳ кардан мумкин аст?
Таърихи қарзии «бад» - яке аз сабабҳои асосии раддия ба қарзгиранда дар гирифтани қарз мебошад. Ислоҳ кардан таърихи қарзиро имқоннопазир аст, вале кӯшиш кардан онро бехтар кардан мумкин аст. Агар Шумо мехоҳед таърихи қарзии худро барои дар оянда маблағи қарзро зиёдтар гиред бехтар намоед, Шумо метавонед қарзи хурдро барасмият дароред, ки онро дар мувофиқати ҷадвали пардохтҳо пардохт хоҳед карж. Ҳамин тавр, дар таърихи Шумо сарҳисоби нави пардохтҳои саривақтӣ аз рӯи қарз оғоз меёбад, ки бешубҳа эътибори шуморо дар назари қарздиҳандагон эҳтимолии оянда баланд хоҳад бардошт.
Барои чӣ дар шумо бояд фармоиш кард, агар ман метавонам ҳисоботро аз Таърихи қарзӣ ройгон гирам?
Ҳар як шахс метавонам дар як сол ду маротиба (вале на зиёда аз як маротиба дар шакли қоғазӣ) Ҳисоботро аз таърихи қарзии худ дархост кунад. Барои ҳамин бояд ба бюрои таърихи қарзии махсус муроҷиат намоед, аризаро пур кунед ва пешакӣ изои худро дар нотариус тасдиқ намоед, баъдан дархостро фиристода ва посухро дар муддати аз 3 рӯз интизор шавед. Маълум мешавад, ки шумо дар бораи Таърихи қарзии худ ҳисоботи ройгонро мегиред - ин, аввалан, муддати тӯлонӣ аст, дуввум ин аст ки, ҳамчунин барои хадамоти нотариалӣ хароҷоти иловагӣ талаб мекунад.
LiveInternet counter